Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндаи ИА ба Осиёи Марказӣ сафар мекунад


Бино ба хабарҳо, раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кетрин Эштон рӯзи 26 ноябр бо як сафари панҷрӯза озими Осиёи Марказӣ мешавад. Қарор аст, хонум Эштон аз дастикам 4 кишвари минтақа, аз ҷумла аз Тоҷикистон, боздид кунад. Созмони Human Rights Watch дар пешорӯи ин сафар аз Кетрин Эштон хост, то бо раҳбарони Осиёи Марказӣ масоили ҳуқуқи инсонро матраҳ кунад. Иттиҳодияи Аврупо аз кумакрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар зарфи 20 сол ба Душанбе беш аз 500 миллион евро кумакҳои гуногун кардааст.
XS
SM
MD
LG