Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти намояндагони Душанбеву Маскав


Имрӯз, 22 ноябр дар Душанбе нишасти дурӯзаи гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оғоз ба кор мекунад. Ин иҷлоси ҳаштуми ин гурӯҳи муштарак аст ва интизор меравад, масоили марбут ба тавофуқоти ҳосилшуда дар музокироти моҳи октябри руасои ду ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанберо баррасӣ кунанд. Тоҷикистон, қарори маълум, бо имзои як созишнома замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русияро то соли 2042 тамдид кард. Вале Маскав дар иваз сабукиҳое барои муҳоҷирони тоҷик ва содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистонро танҳо дар шакли ёддошти тафоҳум ваъда кард, ки бояд акнун ба сурати қарордод бидароянд.
XS
SM
MD
LG