Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи сипос ва солгарди қатли Ҷон Кеннедӣ


Имрӯз, 22 ноябр дар Душанбе нишасти дурӯзаи гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оғоз ба кор мекунад. Имрӯз дар Брюссел иҷлоси дурӯзаи Шӯрои Аврупо оғоз ба кор хоҳад кард. Вазири адлияи Гурҷистон Теа Тсулукианӣ имрӯз бо як сафари дурӯза ба Страсбург меравад. 22 ноябри соли 1963 президенти вақти Амрико Ҷон Кеннедӣ дар як сӯъиқасд дар шаҳри Далласи аёлати Техас кушта шуд. 22 ноябри соли 2005 Ангела Меркел нахустин зан дар таърихи Олмон шуд, ки ба курсии садри аъзами бузургтарин иқтисоди Аврупо нишаст. Ва ҳам имрӯз дар Амрико аз Рӯзи сипос таҷлил мекунанд.
XS
SM
MD
LG