Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Говҳои хориҷӣ дар Озарбойҷон шир надоданд


Ҳукумати Озарбойҷон миллионҳо долларро барои харидани говҳои зотӣ аз Аврупо масраф намуд, то тавлиди маҳсулоти ширӣ дар ин ҷумҳурии Қафқоз афзоиш ёбад, вале тавре ба назар мерасад, говҳо ҳадафи ҳукуматро хуб нафаҳмидаанд.

Ин говҳо мебоист ба Озарбойҷон бебаркаш пул меоварданд, вале то ҳол ин тавр нашудааст. Дар давоми се соли гузашта ҳукумати Озарбойҷон 23 миллион доллар масраф намуда, аз Олмону Австрия 4500 гови зотӣ ворид намуд, то мушкили тавлиди ширу маҳсулоти ширӣ дар ин кишварро аз байн барад.

Дар Аврупо як гови зотӣ рӯзона то 40 литр шир медиҳад. Ҳукумати Озарбойҷон умед дошт, ки бо вуруди говҳои зотӣ аз Аврупо, дар се соли оянда тавлиди солонаи шир дар ин кишварро аз 1,6 миллион тоннаи феълӣ то дувуним миллион тонна расонад.

Вале говҳои зотӣ миқдори лозимаи ширро намедиҳанд. Ба қавли мақомот кишоварзон парвариши говҳои хориҷиро ба таври бояду шояд ташкил накардаанд. Коршиноси соҳаи кишоварзӣ аз шаҳри Боку Воҳид Муҳаррамов мегӯяд: “Фермерҳо парвариши дурусти чорвои хориҷиро таъмин карда наметавонанд, зеро ин говҳо ба ғизои хуб ва покизагӣ эҳтиёҷ доранд.”

Аммо фермерҳо мегӯянд, ки агар говҳои воридаро бо ғизои хос таъмин кунанд, нархи шир хеле боло меравад. Тарбия Юсуфова-кишоварз аз ноҳияи шимолу ғарбии Самух, пули зиёдеро барои харидани говҳои зотӣ масраф намуда, бовар дошт, ки аз ҳар гове рӯзона то 35 литр ба даст хоҳад овард. Аммо парвариши говҳо боиси болоравии нархи шир шудааст: “Нархи шире, ки мо тавлид мекунем, барои аксари муштариён қобили қабул нест, зеро нархи ғизое, ки барои ин говҳо мехарем, хеле гарон аст. Аз ин рӯ, мо ба кӯмаки ёронаи давлат ниёз дорем. Мо имкон надорем коҳ ва дигар навъҳои ғизоро барои говҳо таъмин кунем. Мо ба кӯмак эҳтиёҷ дорем”.

Аслан кишоварзоне, ки дар барномаи парвариши говҳои зотии хориҷӣ иштирок доранд, нисфи нархи говро пардохт намуда, аз ширкати давлатии Агролизинг говро ба истилоҳ лизинг ё худ иҷора мегиранд. Сипас дар тӯли се соли оянда фермерҳо бояд нисфи боқимондаи нархи говро пардозанд.

Фаридун Ҳасанов аз деҳаи ғарбии Қушчу 30 говро ба лизинг гирифта буд, вале кораш омад накард ва ӯ говҳоро ба назди яке аз хешовандонаш ба канораҳои Боку интиқол дод. Ба қавли Ҳасанов, дар деҳаи онҳо нархи як литр шир ба тахминан 40 копейка баробар аст, ки хароҷоташро намепӯшонад: “Мо аз ҳар гов рӯзона ҳамагӣ то 22-23 литр шир ҳосил мекунем. Ҳеҷ имконе ба ҷуз ирсоли говҳо ба Боку нест. Дар он ҷо як литр шир 80 копейка нарх дорад.”

Мушкили дигари говпарварони озарӣ ин аст, ки аз соли 2009-ум ба ин тараф камаш 260 гови ворида ба ҳалокат расидааст. Аммо сарфи назар аз марги говҳо, кишоварзон бояд қарзашон ба ширкати Агролизингро баргардонанд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ кишоварзони озарӣ гуфтанд, ки нархи як гови озотии олмонӣ ва ё австриёӣ дар Туркия ба тахминан 3000 доллар баробар аст, аммо ҳамон говҳоро дар Озарбойҷон бо нархи тахминан 5000 доллар мефурӯшанд, ки суоли зиёде пеш меорад.
XS
SM
MD
LG