Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бамгузории Кобул 2 кушта ва 5 захмӣ бар ҷой гузошт


Саҳнае аз маҳали ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул
Саҳнае аз маҳали ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул
Дар Кобул дар наздикии пойгоҳи низомии Амрико дар як таркиши маргталабона 2 низомии горди Афғонистон кушта шуд. 5 нафар ғайринизомӣ низ дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.

Муҳаммад Аюб Солангӣ-раиси пулиси Кобул дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт:

“Қабл аз ин, ки шиносоӣ шавад ва қабл аз ин ки худро интиҳор кунад, аз сӯи нируҳои амниятӣ шиносоӣ ва аз пой дароварда шуд. Дар айни ҳол, камарбанди мунфаҷирааш ду бахш буда ва як қисмаш мунфаҷир шудааст”.

Дар минтақае, ки ин таркиш рух дод, аксаран мақомоти баландпояи ҳукумати Афғонистон зиндагӣ мекунанд. Намояндагиҳои созмонҳои байналмиллалӣ ва ситоди нируҳои эътилофи байналмиллалӣ низ дар он ҷо ҷойгиранд.

Пулис мегӯяд, вақте ки бамгузорон пиёда ба посгоҳи горд наздик шуданд, нафарони амниятӣ онҳоро нигоҳ доштанд. Сарбозон ба сӯи онҳо оташ кушоданд ва ба қатл расонданд. Вале камарбанди яке аз онҳо мунфаҷир шуд.

Толибон масъулияти ин ҳодисаро бар дӯш гирифтанд.
XS
SM
MD
LG