Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон вазири тоҷикро бегуноҳ эълон карданд


Равшан Собиров
Равшан Собиров
Бино ба иттилои хабаргузории K-News, додгоҳи ноҳиявии Первомайскии шаҳри Бишкек Равшан Собиров-вазири пешини рушди иҷтимоии Қирғизистонро сафед кард. Дар ин бора имрӯз Икромиддин Айтқулов-вакили мудофеи Собиров хабар дод.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, гуноҳи ришвахории Равшанбек Собиров исбот нашудааст. Тоҳир Мирзоаҳмадов-ёвари вайро барои “қаллобӣ” 6 сол маҳкум ба зиндон карданд ва тибқи ҳукми додгоҳ дороии вай мусодира мешавад.

4 апрели соли ҷорӣ кормандони Хадамоти зидди фасоди Қирғизистон ҳангоми гирифтани ришва ёвари Собировро боздошт карданд ва вай гуфт, ки бо дастури вазир ин корро кардааст. Шоми ҳамон рӯз кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар манзили Равшан Собиров амалиёти ҷустуҷӯ анҷом доданд, вале чизе пайдо накарданд. 5 июл худи Собиров ихтиёран ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба бозпурсӣ ҳозир шуд ва вайро дар он ҷо ба гумони ришвахорӣ боздошт карданд.

Бо ҳукми додгоҳ вай то 30 август дар зиндон буд. Аммо 25 июл додгоҳи шаҳрии Бишкек тасмим гирифт, ки Собиров аз зиндон ба ҳабси хонагӣ гузаронида шавад.

Равшанбек Собиров ягона вазири тоҷик дар ҳукумати кунунии Қирғизистон буд ва моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби порламон ва ҳизби ҳокими “Ота Макон” ба мақоми вазири рушди иҷтимоӣ пешбарӣ шуда буд. Вай ҳамзамон раҳбарии созмони фарҳангии тоҷикони Қирғизистон бо номи “Рӯдакӣ”-ро ба ӯҳда дорад.
XS
SM
MD
LG