Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокирот бо Эронро дар Брюссел баҳс мекунанд


6 қудрати ҷаҳонӣ имрӯз дар Брюссел музокироти барномаи ҳастаии Эронро баҳс хоҳанд кард. Мақомоти Бритониёву Чин, Фаронсаву Олмон ва Русияву Амрико нақшаи давраи нави гуфтугӯ бо Теҳронро бо ҳам дар миён хоҳанд гузошт.Се даври ин музокирот дар соли ҷорӣ пешрафти чандоне наовард. Эрон иттиҳоми Ғарб дар бораи қасди сохтани силоҳҳои ҳастаӣ доштанашро радд карда, аз қатъи ғанисозии уран, ки як талаби қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ аст, даст кашидааст. Гузориши тозаи СММ ҳокист, ки Эрон мехоҳад ғанисозии уранро дар корхонаи зеризаминии Форду густариш диҳад.
XS
SM
MD
LG