Пайвандҳои дастрасӣ

Калисои Инглистон аз ҳаққи занҳо ҳимоят накард


Калисои Инглистон ҳаққи занон ба хидмат дар мақоми асқаф ё епископро радд кард. Синоди умумӣ – ниҳоди қонунгузори ин калисо дар раъйгирии рӯзи 20 ноябр натавонист раъйи мувофиқи аз се ду ҳиссаи аъзояш ба пуштибонӣ аз ҳаққи занон ба ин мақомро ба даст биорад. Занон алакай дар калисои англикании Австралияву Зеландияи нав ва Канадаву Амрико дар мақоми асқаф хидмат мекунанд, вале калисои Инглистон, ки барои 80 миллион пайрави ин шохаи дини масеҳӣ калисои модарӣ маҳсуб мешавад, дар ин мавзӯъ ихтилофи назар дорад.
XS
SM
MD
LG