Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои ҷангии Фаронса тарки Каписо карданд


Фаронса дирӯз бо хуруҷи ҳудуди 400 сарбозаш аз вилояти Каписо маъмурияти ҷангии худ дар Афғонистонро поён дод. Ин нирӯҳо аз соли 2003 дар ду пойгоҳ дар улусволиҳои Тагоб ва Ниҷроби ин вилояти стротегии воқеъ дар шимоли Кобул мустақар буданд. Порис гуфт, тамоми нирӯҳои ҷангиашро то моҳи декабр, 2 сол қабл аз замони хуруҷи нирӯҳои ISAF аз Афғонистон берун хоҳад овард. Ҳудуди 2000 сарбози фаронсавӣ барои идомаи барномаҳои ғайриҷангӣ дар Афғонистон хоҳанд монд. То имрӯз дар Афғонистон дастикам 88 сарбози Фаронса ҷон бохтаанд. Толибон бо истиқбол аз хуруҷи фаронсавиҳо гуфт, тамоми нирӯҳои ISAF бояд аз Фаронса пайравӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG