Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии амиқи Мун аз вазъи башарӣ дар Сурия


Бан Ки Мун

Бан Ки Мун

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, “амиқан нигарон”-и бад шудани вазъи башарӣ дар Сурия ва “идомаи низомишавӣ”-и низоъи 20-моҳа дар ин кишвари арабист. Мун дар Қоҳира баъд аз дидор бо дабири кулли Лигаи Араб Нобил Арабӣ ба “нақзи мудҳиш”-и ҳуқуқи инсон дар пасманзари хушунатҳои афзоянда таъкид кард ва гуфт, хатари ба “майдони ҷанги минтақавӣ” табдил ёфтани Сурия вуҷуд дорад. Бо ин ҳол, дирӯз Бритониё ба дунболи Фаронса эътилофи нави мухолифини Сурияро ба унвони намояндаи қонунии мардуми ин кишвар эътироф кард.
XS
SM
MD
LG