Пайвандҳои дастрасӣ

Бордюжа: Пойгоҳи 201 барои саркӯбии эътирозҳо нест


Дабири кулли Паймони амнияти дастаҷамъӣ (ПАД) Николай Бордюжа гуфт, нирӯҳои Русия дар Тоҷикистон бо ҳадафи саркӯб кардани рӯйдодҳои эътирозӣ, аз ҷумла дар сурати такрори нооромиҳои Хоруғ, истифода нахоҳанд шуд. Бордюжа гуфт, вазифаи нирӯҳои пойгоҳи 201 фақат кумак ба Тоҷикистон дар амри муқобила ба таҳдидҳои хориҷист. Тоҷикистон моҳи октябр замони ҳузури пойгоҳи 201-ро то соли 2042 тамдид кард. Дар қарордоди имзошуда омадааст, нирӯҳои ин пойгоҳ метавонанд барои муқобила ба ҳамлаҳои хориҷӣ ва ҳам алайҳи таҳдиди созмонҳои ифротиву террористӣ вориди амал шаванд.
XS
SM
MD
LG