Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи даъват ба артиш 97 фоиз иҷро шудааст


Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш алакай 97 дарсад иҷро шудааст. Ин дар ҳолест ки то поёни ин мавсими даъват 10 рӯзи дигар боқӣ мемонад. Ба навиштаи “Азия Плюс”, ҳарсол дар ду даъвати баҳориву тирамоҳӣ аз 15 то 16 000 ҷавони синни 18-27-сола ба артиши Тоҷикистон даъват мешаванд. Ҷамъи ҷавонони воҷибулдаъват дар кишвар то 600 000 шумурда мешавад ва мунтақидон мегӯянд, бисёриҳо худро ё бо фирор ба муҳоҷират ваё дар ивази ришва аз хидмати аскарӣ халос мекунанд.
XS
SM
MD
LG