Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев дар Порис ва сарони D-8 дар Исломобод


Имрӯз, 21 ноябр, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба дунболи боздид аз Байтулмуқаддас ба Ромуллоҳ ва Қоҳира сафар мекунад. Имрӯз сарони D-8, ки 8 кишвари бузурги мусалмониро муттаҳид мекунад, дар Исломобод гирдиҳам меоянд. Имрӯз раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо як сафари дурӯза вориди Фаронса мешавад. 21 ноябр дар тақвими СММ Рӯзи ҷаҳонии телевизион аст. Ва имрӯз солгарди 17-уми созиши Дейтон аст, ки соли 1995 ба ҷанги Босния нуқтаи таммат гузошт.
XS
SM
MD
LG