Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми эъдоми 8 афғон иҷро шуд


Дар як ҳодисаи барои Афғонистон нодир ҳукми эъдоми ҳашт нафар иҷро шуд. Додситони кулли Афғонистон Раҳматулло Назарӣ мегӯяд, ки эъдоми ҳашт нафари ёдшуда, ки бо куштор ва таҷовуз ба номус гунаҳгор дониста шудаанд, рӯзи сешанбе баъди эълони ҳукми додгоҳ иҷро шуд. Ба қавли ҳамин манбаъ додгоҳи олӣ ва президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дархости афви онҳоро рад карда, ҳукмро тасдиқ намуд.Тибқи гузориши хабаргузории ВВС президенти Афғонистон ҳукми эъдоми 16 нафарро тасдиқ кардааст. Аммо хабаргузории исломии афғон навиштааст6 ки ҳукми эъдоми 22 нафар имзо шудааст.
XS
SM
MD
LG