Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Солор” - ғолиби мусобиқа ба хотираи Виктор Кузнетсов


Дастаи футболи “Солор”-и Душанбе ғолиби мусобиқаи наврасон ба хотираи мураббии шоистаи Тоҷикистон Виктор Кузнетсов гардид.

Ин мусобиқа дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе, ки шодравон Виктор Кузнетсов, солиёни зиёд роҳбарӣ мекард, бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дастаи “Солор”, ки дар гурӯҳи “А” бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз гашт, бо 9 имтиёз ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дастаи “Энергетик”, ки ҷойи дувумро гирифт, низ ба нимфинал баромад. Аз гурӯҳи “В” дастаҳои “Авиатор” ва ССКА, ки 4-имтиёзӣ гирифтанд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ниманиҳоӣ “Солор” бар ССКА бо ҳисоби 1:0 ва “Энергетик” бар “Авиатор” аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омаданд. Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои “Солор” ва “Энергетик” хеле шавқовар гузашт. Насим Раҳимов, бозигари “Солор”, дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Голи дувуми “Солор”-ро дар авохири нимаи дувуми бозӣ нимҳимоятгар Ҳасан Латифов ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб дастаи “Солор” (мураббиаш Насим Набиев), ки дар бозии ниҳоӣ бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад, ғолиби ин мусобиқа шуд. Бояд гуфт, ки ин даста дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯз гашта, аз дарвозааш ягон тӯб сар надодааст. Ҳайати дастаи “Солор” чунин буд: Абдуқодир Қодиров, Абубакр Набиев, Насим Раҳимов, Абубакр Баротов, Ҳасан Латифов, Ҳусейн Латифов, Ҳикмат Исмоилов, Маҳмуди Садриддин, Абдуллоҷони Қурбониён, Довуд Ҳакимов, Ҳоруни Зуҳриддин.

Дар бозӣ барои ҷойи севум дастаи ССКА бар “Авиатор” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Беҳтарин бозигарони мусобиқа инҳо дониста шуданд: дарвозабон Диловар Собиров (СДЮШОР – Мактаби махсуси кӯдакону наврасони захоири олимпӣ), ҳимоятгар Салоҳиддин Эргашев (“Истиқлол”), нимҳимоятгар Садриддин Маҳмудов (“Солор”), ҳамлагар Файзалӣ Шамсов (ССКА). Алишер Раҳимов (“Авиатор”) бо 6 гол беҳтарин нишонзани мусобиқа гардид.
XS
SM
MD
LG