Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷарои пулис ва кормандони амнияти миллӣ дар Хоруғ


Бозори Хоруғ (Акс аз бойгонӣ)

Бозори Хоруғ (Акс аз бойгонӣ)

Пас аз як моҷарои кӯтоҳ дар яке аз ошхонаҳои бозори шаҳри Хоруғ ду корманди Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Абдумамад Абдумамадов ва Ҷонмирзо Давлатҷонов, маъмурони шӯъбаи умури дохилии шаҳр, мегӯянд, кормандони амниятиро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ ба идораи умури дохилӣ овардаанд ва сипас ба мақомоти Раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар Бадахшон супурдаанд.

Вале шоҳидони ҳодиса мегӯянд, маъмурони амниятӣ замоне озод шудаанд, ки гурӯҳи мусаллаҳи кормандони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ дар назди идораи пулиси шаҳр ҳозир шуд.

Аммо мақомоти пулиси шаҳр мегӯянд, гурӯҳе аз маъмурони КАМ бо даъвати онҳо ба назди идораи умури дохилии шаҳр ҳозир шуданд ва ходимони боздоштшударо бо худ бурданд.

Оғози моҷароро Азорамо Имомназарова, пешхидмати ошхонаи бозори Хоруғ, ки он лаҳза дар сари кор буд, чунин ҳикоят кард: "Ин ду меҳмон дар либоси мулкӣ ба ошхона даромаданд, чун рӯзи шанбе буд, якеашон шояд аз бозори марзӣ омада бошад, ки дар гардан рӯймоли афғонӣ бастагӣ буд, қариб севуним соат нишастанд, арақ гирифта нӯшиданд, баъд стол чаппа шуд. Намедонам, ки худашон карданд, ва ё тасодуфан ба миз расиданду он чаппа шуда, зарфҳо шикастанд. Кормандони милиса дар ошхона хӯрок мехӯрданд, яке, гуфт, ки барои чӣ Шумо ин хел мекунед? Яке аз меҳмонҳо удостоврения бароварда гуфтанд, ки ман подполковники амният, Шумо кистед, ки бо ман гап мезанед.Милиса гуфт,ки ман, нозири бозор ҳастам ва ҳуқуқ дорам, ки Шуморо пурсам ва гапашон боло хесту берун баромаданд ва намедонам, ки дигар чӣ шуд."

Аммо Шаҳноза Ғуломҳайдарова, корманди шӯъбаи робита бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, аз қавли масъули раёсати амнияти вилоят, аслан рӯй додани ин ҳодисаро рад кард.

Азорамо Имомназарова, пешхидмати ошхона мегӯяд, ки пули ғизо ва мизу косаҳои шикаста 27 сомониро ташкил дод ва кормандони Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон ин маблағро доданӣ буданд, вале саргарми ҷанҷол ваъдаи худро фаромӯш карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG