Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми бозори озод: Иқтисоддонҳо сабқат мекунанд


Дар Тоҷикистон барои ҷалби бештари ҷавонон ба масоили баҳсбарангези иқтисодӣ, аз қабили суду зиёни Иттиҳоди гумрукӣ, ҳаҷму шумораи андозҳо «Ҷоми бозори озод» таъсис ёфтааст.

Константин Бондаренко, раиси созмони «Маркази бозори озоди Тоҷикистон», ки муассиси Ҷоми нав аст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ин ҷом, 12 тими ҷавонон дар сабқати дебатҳо, рӯзи 24-уми ноябр мубориза хоҳанд бурд: «Мақсади ташкили сабқат ин оммавӣ сохтани донишҳои иқтисодӣ аст. Ҳамаи фаъолияти ташкилоти мо, аз қабили мизҳои мудаввар, семинару омӯзишҳо низ оммавӣ сохтани донишҳои иқтисодӣ -либералӣ аст. Мутаасифона, он маълумоте, ки ҷавонон дар макотиби олии иқтисодӣ мегиранд, чандон ҷолиб нестанд.»

Ҷаноби Бондаренко афзуд, дар тӯли як ҳафтае, ки «Ҷоми бозори озод» таъсис ёфтаст, ҷавонони бисёре ба ин сабқат таваҷҷуҳ зоҳир карданд ва аллакай нисфи тимҳои дебатӣ омодаи ширкат дар мусобиқа ҳастанд.

Бондаренко мегӯяд, мавзӯҳои баҳс комилан назариявӣ нестан ва дар ҷараёни муколама аз татбиқи ин назарияҳо дар амал намуна оварда мешавад: «Мавзӯҳое, ки мо дар дебат мавриди муҳокима қарор хоҳем дод, баҳсбарангезанд ва коршиносону сиёсатмадорон нисбати ин мавзӯҳо назари ягона надоранд. Масалан, миқдори андозҳо, суду зиёни иттиҳоди гумрукии Русия барои Тоҷикистон ва ғайра.»

Рустам Назаров, як ҷавони тоҷик мегӯяд, ин мусобиқаҳо, ӯро ҳамчун менеҷер ба худ ҷалб кардааст: «Ман сабқати дебатро хеле дӯст медорам. Қаблан, дар дебатҳо дар мавзӯи озодии сухан, ҳифзи муҳити зист ширкат кардам. Вале барои ман сабқати дебати Маркази бозори озоди Тоҷикистон аз ҷиҳати мавзӯҳои баҳсшаванда бисёр ҷолиб аст ва ният дорам дар он ширкат варзам.»

Дебат – сабқати тарҳрезишудаи оммавии мубодилаи андеша миёни ду тараф, доир ба масоили умда ва доғ аст. Ин як шакли баҳс дар ҳузури омма аст, ки мақсадаш дигар кардани ақидаи рақиб не, балки мутақоид сохтани дурустии андешаҳои худ ба мардум аст. Аввалин дебати телевизионии сиёсӣ миёни Ҷон Кеннедӣ ва Ричард Никсон дар арафаи интихобти президентии Амрико дар соли 1960 баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG