Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собиқ вазири фирорӣ ба Гурҷистон баргашту ҳабс шуд


 Ираклий Окруашвилӣ-собиқ вазири мудофиаи Гурҷистон
Ираклий Окруашвилӣ-собиқ вазири мудофиаи Гурҷистон
Cобиқ вазири мудофиаи Гурҷистон Ираклий Окруашвилӣ баъди панҷ соли ҳиҷрат ба ватанаш баргашта, дар пойтахти Гурҷистон ба ҳабс гирифта шуд. Вазири адлияи Гурҷистон хонум Теа Тсулукианӣ ба хабарнигорон гуфт, Окруашвилӣ бо ҳадафи собит намудани бегуноҳиаш рӯзи сешанбе аз Аврупо ба Гурҷистон баргашт. Тсулукианӣ афзуд, додгоҳҳои Олмону Фаронса ҳукм баровардаанд, ки муҷозоти Окруашвилӣ дар Гурҷистон ҷилои сиёсӣ дорад, вале имкон надорад, ки айбномаи ӯ дар як лаҳза аз эътибор соқит шавад. Окруашвилӣ дар соли 2007-ум аз Гурҷистон фирор кард. Он замон мақомоти Гурҷистон ӯро бо ришваситонӣ ва ташкили гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст муттаҳам намуда буданд. Баъд дар ғиёб муҳокимаи Окруашвилӣ баргузор шуда, ӯро ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Бозгашти Окруашвилӣ ба Гурҷистон дар ҳоле ба амал меояд, ки ҳукумати нави ин кишвар таҳқиқи ҷиноии амалкарди баъзе мансабдорони собиқи вазорати умури дохилии ин кишварро шурӯъ кардааст.
XS
SM
MD
LG