Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози афғон барои қатли 5 фаронсавӣ эъдом мешавад


сарбозони фаронсавӣ дар Афғонистон
сарбозони фаронсавӣ дар Афғонистон

Абдусабур, як сарбози 21-солаи афғон барои қатли 5 аскари фаронсавӣ дар тамрингоҳи Каписо, эъдом мешавад.

Абдусабур, ягона сарбози афғон аст, ки дар робита ба қазияи ҳамла аз сафҳои нерӯҳои амниятии афғон ба муттаҳидони байналмилалии он, ба ҷазои марг маҳкум мешавад.

Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон, ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, додгоҳи таҷдиди назар тасмими маҳкамаи ибтидоӣ дар мавриди Абдусабурро таъйид кардааст. Қаблан як маҳкамаи ибтидоӣ ӯро ба эъдом маҳкум карда буд.

Мақомоти афғон мегӯянд, акнун Додгоҳи олии Афғонистон ин қазияро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Абдусабури 21- сола метавонад аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, дархости афв намояд.

Ба навиштаи хабаргузории Фаронса, Абдусабур - сарбози Артиши миллии Афғонистон, дар таърихи 20-уми моҳи январи соли ҷорӣ дар қароргоҳи низомие дар вилояти Кописо замоне ба сӯи сарбозони фаронсавӣ оташ кушод, ки онҳо машғули тамрини низомӣ буданд.

Ҳамла аз тарафи нерӯҳои афғонӣ ба сарбозони фаронсавӣ боис шуд, то Порис хуруҷи пеш аз вақти нерӯҳои кишварашро аз Афғонистон тасвиб кунад.

Қарор аст, Фаронса то поёни соли ҷорӣ 2000 сарбозашро аз Афғонистон хориҷ кунад ва 1500 сарбози дигари ин кишвар барои анҷоми маъмурияти омӯзиши нерӯҳои афғон, то поёни соли 2014 дар Афғонистон боқӣ бимонанд.

НАТО мегӯяд, 25 дарсади ҳамлаҳо аз сафи нерӯҳои амниятии афғон ба нерӯҳои байналмилалӣ аз сӯи афроди Толибон, ки дар сафи нерӯҳои амниятии Афғонистон нуфуз кардаанд, сурат мегирад ва боқии ин ҳамлаҳо дар натиҷаи ихтилофоти фарҳангӣ, сӯитафоҳум ва ихтилофоти шахсӣ анҷом меёбанд.
XS
SM
MD
LG