Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд


Акс аз ҷойи ҳодиса

Акс аз ҷойи ҳодиса

Бар асари сӯхтор ошёнаи аввали бинои додгоҳи Хуҷанд тахриб шуда, ошёнаҳои дуюму сеюм ҳам қисман зарар дидаанд.

Матлуба Ҳабибуллоева, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор субҳи имрӯз, 20-уми ноябр, дар утоқи яке аз иҷрочиёни додгоҳӣ сар зада, пурра мизу овезаҳои девори он сӯхта хокистар шудаанд.

Ба қавли ӯ, сақфу деворҳои ошёнаи аввали бино дудзада шуда, сақфҳои пластикии утоқу даҳлез низ ба коми оташ рафтаанд.

Хонум Ҳабибуллоева мегӯяд дар ин сӯхтор ҳуҷҷатҳои муҳими додгоҳӣ, ки дар дигар ҳуҷраҳо буданд, зарар надидаанд.

Масъулини Хадамоти оташнишонии шаҳр мегӯянд аз сӯхтор дар бинои додгоҳ соати 7-и субҳ огоҳ шудаанд ва айни ҳол онро пурра хомӯш намудаанд. Сабабҳои сар задани сӯхтор дар ҳоли ҳозир аз тарафи мақомоти зидахл таҳқиқ мешаванд. Ба қавли раиси додгоҳ, эҳтимол дорад сӯхтор аз расиши кӯтоҳи ноқилҳо ва ё мушкил дар ягон дастгоҳи барқӣ ба амал омада бошад.

Сокинони Хуҷанд мегӯянд, чанд рӯзи ахир барқ ҳатто дар маркази шаҳр ҳам хомӯш мешавад ва эҳтимолан сӯхтор дар бинои Додгоҳи шаҳр аз ин сабаб рух додааст. Фарзияи амали террористӣ будани ин сӯхтор пеш оварда намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG