Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд


Бар асари сӯхтор ошёнаи аввали бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд тахриб дидааст. Матлуба Ҳабибуллоева, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор субҳи имрӯз, 20 ноябр, дар утоқи яке аз иҷрочиёни додгоҳӣ сар зада, пурра мизу овезаҳои девори он сӯхта хокистар шудаанд.

Ба қавли ӯ, сақфу деворҳои ошёнаи аввали бино дудзада шуда, сақфҳои пластикии утоқу даҳлез низ ба коми оташ рафтаанд.

Дар ҳоли ҳозир, сӯхтор пурра аз сӯи Хадамоти оташнишонии шаҳр хомӯш карда шудааст.
Сабабҳои сар задани сӯхтор дар ҳоли ҳозир аз тарафи мақомоти зидахл таҳқиқ мешаванд. Ба қавли раиси додгоҳ, эҳтимол дорад сӯхтор аз расиши кӯтоҳи ноқилҳо ва ё мушкил дар ягон дастгоҳи барқӣ ба амал омада бошад.

Сокинони Хуҷанд мегӯянд, чанд рӯзи ахир барқ ҳатто дар маркази шаҳр ҳам хомӯш мешавад ва эҳтимолан сӯхтор дар бинои Додгоҳи шаҳр аз ин сабаб рух додааст. Фарзияи амали террористӣ будани ин сӯхтор пеш оварда намешавад.
XS
SM
MD
LG