Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзгори фақиронаи раҳбарони Эрон: воқеият ё сохтакорӣ?


Алӣ Хоманеӣ (аз рост) ва Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Алӣ Хоманеӣ (аз рост) ва Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Раҳбарони Эрон рӯзгори чунон фақиронае доранд, ки маҷбуранд гоҳо аз муҳофизону дигар тобеини худ қарз бигиранд.

Ёрони раҳбари рӯҳонии Эрон мегӯянд, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзгори чунон фақиронае дорад, ки гоҳо ҳатто бепул мемонад ва маҷбур мешавад, то аз муҳофизони худ қарз бипурсад.

Оятуллоҳ Расулии Малоҳатӣ, ки аз мушовирон ва дӯстони қадими Хоманаист, ба Форснюс аз хотироти худаш гуфтааст, чанд дафъа ӯ худ ба Хоманаӣ қарз дода, сипас даъват шудааст, ки “Оқои Ризо, биё, қарзи додаатро пас бигир.” Оятуллоҳ Малоҳатӣ мегӯяд, ба ҷуз назр, танҳо даромади раҳбари рӯҳонии Эрон пули иҷораи манзилест, ки дар Теҳрон дорад. Ба гуфтаи Малоҳатӣ, Хоманаӣ дар ҳуҷрааш низ танҳо як қолин дорад ва он ҳам “як қолини оддии сохти Табриз, ки тамоман фарсуда шудаву нақшҳояш рафтааст.” Малоҳатӣ мегӯяд, фарзандони донишҷӯи Хоманаӣ ҳам рӯзгори худро ба мушкил таъмин мекарданд.

Чунин тасвири Малоҳатӣ аз рӯзгори хусусии раҳбари олии Ҷумҳурии исломӣ дар идомаи хатти машши расмиест, ки зиндагии раҳбарони Эронро ҳамеша хеле хоксорона ва онҳоро нисбат ба нозу неъмати ин дунё хеле бефарқ ба тасвир медарорад. Аммо таҳлилгари Радиои Озодӣ, Гулнози Исфандиёрӣ мегӯяд, доштани зиндагии хоксорона барои раҳбарони аввали Эрон як таҷрибаи роиҷ аст, вале на ба ҳадде ки барои мисол, Алии Хоманаӣ бепул бимонаду аз муҳофиз ё мушовираш қарз бипурсад: Гулноз Исфандиёрӣ

Гулноз Исфандиёрӣ

“Инҳо то ҳадде, ба назар мерасад, ки зиёдаравӣ шудааст. Ба ҳар ҳол, оқои Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии исломист ва тамоми иқтисоди кишвар зери дасти ӯст ва пули зиёде ҳам аз тариқи назру хумсу закоте, ки мардум мепардозанд, ба дасти онҳо мерасад. Яъне ба ин тартиб нест, ки воқеан ниёз дошта бошанд, ки қарз кунанд.”

Қаблан узви Шӯрои хибрагон, оятуллоҳ Абӯлҳасан Маҳдавӣ низ бо тавсиф аз рӯзгори хоксоронаи Хоманаӣ гуфта буд, ки “бо вуҷуди дар дасташ қарор доштани пулҳои бузург ӯ як риёлро ҳам барои худ харҷ намекунад” ва гоҳо аз Маҳдавӣ низ қарз мепурсидааст. Раҳбари мадрасаи Имом Маҳдӣ, оятуллоҳ Рӯҳуллоҳ Қараҳӣ қисса мекунад, ки табибон ба маҳзи дарди пушт ба оятуллоҳ Хоманаӣ тавсия доданд, ки барои манзилаш як кати канапе бигирад. Ин катро иттифоқан замоне оварданд, ки ҳамсари оятуллоҳ аз Машҳад зиёрат мекард ва вақте баргашт, ин катро аз хона берун андохтаву раҳбари Эронро накӯҳиш ҳам кардааст, ки “оё мехоҳӣ дунболи нозу неъмати ин дунё биравӣ?”

Фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Яҳё Раҳими Сафавӣ ҳам қиссае чунин латифаомез дорад, ки гӯё боре ба манзили Хоманаӣ даъват шуда буд ва вақте дид, ки рӯи хони зиёфат танҳо як тухмбирён аст, ангушти ҳайрат газид.

Маҳдии Халаҷӣ, таҳлилгари Пажӯҳишгоҳи мутолиоти Шарқи наздик дар Вошингтон, ки феълан китоби тарҷумаи ҳоли оятуллоҳ Хоманаиро менависад, мегӯяд, ин ҳама достонҳо дар бораи тарзи зиндагии Хоманаӣ то ҷое воқеъӣ, вале то ҷое муболиғаомезанд: “Либосе ки мепӯшад, дар ҳақиқат беҳтарин ҷинси бозор аст ва хеле пурарзиш. Аммо ин либосҳоро мураттаб ба сурати назру ҳадя барояш меоранд. Яъне чизе нест, ки худаш бихарад ё пул барояш бидиҳад. Аммо дар дохили хонааш ҳеҷ нишоне аз таҷаммул нест. “

Чунин зиндагии хоксорона ба раҳбарони дигари Эрон низ нисбат дода мешавад. Раисиҷумҳури феълии Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар як манзили назарногир ба сар мебарад. Раисиҷумҳури собиқ, Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳам, ки бойтарин марди Эрон шинохта мешавад, тавре аз навори видеоии нашршуда дар Ютюб бармеояд, манзиле хеле хоксорона барои зист доштааст:



Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи нозирони умур, дар солҳои охир аз ҳисоби фасод ва дасти дарози назорати рӯҳониён ва фармондеҳони сипоҳ бар тиҷоратҳои пурфоида, сармояҳои ҳангуфте дар дасти ин гурӯҳ ҷамъ шудааст.

Аммо Гулнози Исфандиёрӣ мегӯяд, ин тоифа бо вуҷуди доштани миллионҳо мулзам аст, дороии худро хеле боэҳтиёт харҷ кунад ва зиёд ангуштнамо нашавад: “Бояд то ҳадде мувозеҳ бошанд. Чун ин чеҳрае ки Эрон мехоҳад аз раҳбаронаш бидиҳад, ки зиндагии хеле содае доранду аҳли динанду пойбанди таҷаммулот нестанд. Ҳамаашон маҷбуранд ин ҷараёнро то ҳадде риоят кунанд. Вале хабарҳое ҳам мерасанд дар мавриди бархе мақомҳои эронӣ, ки фарзандонашон дар хориҷ таҳсил мекунанд ё инки дар дохили Эрон барои худ зиндагии ончуноние дуруст кардаанд.”

Ин ҳама дар ҳолест, ки фасоди саросарӣ ва таҳримоти ахири байналмилалӣ ба вазъи зиндагии мардум дар Эрон таъсири сахт гузоштааст. Ин аст ки як ҷавони эронӣ дар Интернет дар посух ба ин тасвирҳо аз зиндагии хоксоронаи раҳбари ҷумҳурии исломӣ навиштааст, “агар Хоманаӣ дар воқеъ ин қадар фақир бошад, пас ӯ ҳам бояд монанди мо ранҷи ин ҳама таҳримоту афзоиши нархҳо ва фақрро бикашад. Бо ин вуҷуд, масъули ин вазъият ба сурати аксар худи ӯст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG