Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талошҳо ба ҳалли низоъи Исроилу Ҳамос


Талоши миёнҷигӣ барои оташбас байни Исроил ва ҷангиён дар навори Ғаза имрӯз идома меёбад. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун имрӯз дар Қоҳира бо раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ мулоқот дорад. Миср раҳбари талошҳо барои хатми хушунатест, ки дар 6 рӯз дастикам 100 фаластинӣ ва 3 исроилиро кушта ба ҷо гузошт. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз дар сӯҳбат бо Мурсӣ ба зарурати хатми мушакборон аз ҷониби Ҳамос таъкид кардааст. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу шоми душанбе қадамҳои баъдиашро бо доираи наздики вазирон баррасӣ кард. Раҳбари Ҳамос Холид Машъал дирӯз гуфт, низоъро бояд аввал Исроил бас кунад. Русия дар СММ аз нокомии Шӯрои Амният дар мавриди иқдом дар қиболи ин буҳрон изҳори таассуф кард.
XS
SM
MD
LG