Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвои чирикиҳо ба забти пойгоҳе дар канори Димишқ


Чирикиҳои Сурия иддао доранд, ки як пойгоҳи артишро дар канори Димишқ ба даст овардаанд. Ду воҳиди гурӯҳҳои исломии Ансорулислом ва Ҷундуллоҳ бо нашри як навори видеоӣ мегӯянд, пойгоҳи нирӯҳои ҳавоӣ дар атрофи Ҳаҷраласвадро баъд аз 4 рӯзи набардҳо забт кардаанд. Бо ин ҳол, вазирони хориҷаи ИА эътилофи тозаташкилшудаи мухолифини Сурияро “намояндаи қонунӣ”-и мардуми Сурия номиданд, вале аз эътирофи комили Эътилофи миллӣ ва нирӯҳои инқилобии Сурия худдорӣ карданд. 13 гурӯҳи тундрави чирикиҳои исломӣ дар дохили Сурия, бо шумули Тавҳид, яке аз бузургтарин гурӯҳҳои чирикии фаъол дар Ҳалаб, ин эътилофро дастнишондаи хориҷӣ хонда, радд кардаанд.
XS
SM
MD
LG