Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии ИА аз эътилофи нави мухолифини Сурия


ИА дирӯз аз эътилофи тозаташкилшудаи мухолифини Сурия ҳимоят кард. Ин як гоми муҳим дар роҳи шинохти ин ҷунбиш дониста мешавад. Аммо вазирони хориҷаи ИА ба Эътилофи миллӣ ва нирӯҳои инқилобии Сурия эътирофи расмӣ пешниҳод накарданд. Раҳбарони ИА мегӯянд, дар мавриди эътирофи расмӣ ҳар кишвар бояд алоҳида тасмим бигирад. Фаронса алакай бо ин эътилоф, ки Қоҳираро мақари худ интихоб кардааст, равобити дипломатӣ барқарор кард. Вале гурӯҳи тундрави чирикӣ дар шимоли Сурия ин ниҳоди ҷадиди мухолифини режими Башор Асадро радд кардаанд.
XS
SM
MD
LG