Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Ғаза аз 100 гузаштааст


Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, шумори фаластиниҳои кушташуда дар ҷараёни амалиёти Исроил рӯзи душанбе аз 100 гузашт. Амалиёти низомии Исроил алайҳи навори Ғаза дар посух ба ҳамлаҳои мушакӣ аз сӯи ин сарзамини фаластинии таҳти назорати гурӯҳи Ҳамос рӯзи чоршанбе оғоз ёфт. Дар як ҳамлаи мушакии ҳафтаи гузашта 3 исроилӣ низ кушта шуданд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дирӯз ба хотири ҳимоят аз талошҳо барои истиқрори оташбас дар минтақа вориди Қоҳира шуд. Раҳбари Ҳамос Холид Машъал дирӯз гуфт, низоъро бояд Исроил хатм кунад, чунки, ба гуфтаи ӯ, “ҷангро онҳо сар карданд.” Исроил мегӯяд, ҳарчанд ба тавсиаи амалиёт омода ҳаст, вале ба ҳалли дипломатие бартарӣ медиҳад , ки ба ҳамлаҳои мушакии фаластиниҳо нуқта гузорад.
XS
SM
MD
LG