Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурӯши саҳмияҳои Роғун пурра қатъ шудааст


Фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун пурра қатъ шудааст. Дар вазорати молияи Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтаанд, имсол ягон саҳмияи Роғун ба фурӯш нарафт ва ҷамъияти саҳҳомии “Роғун” тасмим гирифт, фурӯши ин қоғазҳоро ба далели набуди талабот қатъ кунад. Давлати Тоҷикистон дар аввали соли 2010 маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғунро ба роҳ андохта, дар зарфи 3 моҳи авҷи ин маърака аз мардум ва корхонаҳо зери 900 миллион сомонӣ ҷамъ овард.
XS
SM
MD
LG