Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи умумии кӯдак, ки хоси Тоҷикистон нест


Имрӯз, 20 ноябр, дар Пномпен – пойтахти Камбоҷа нишасти серӯзаи сарони АSЕАN ба поён мерасад. Вазири нави дифоъи Русия Сергей Шойгу имрӯз бо як сафари дурӯза ба Чин меравад. Имрӯз дар Брюссел нишасти куммиссиюни НАТО ва Гурҷистон доир мешавад. 20 ноябр дар тақвими СММ Рӯзи умумии кӯдакон аст. Аммо дар Тоҷикистон Рӯзи кӯдакро маъмулан 1 июн таҷлил мекунанд.Ва имрӯз солгарди 50-уми хатми буҳрони Кариб аст, ки соли 1962 Амрикову Иттиҳоди Шӯравӣ – ду қудрати асосии ҳастаии дунёро дар рӯбарӯи хатари рӯёрӯӣ қарор дода буд.
XS
SM
MD
LG