Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ, вориди Камбоҷа шуд. Қарор аст, ки ӯ бо нахуствазири Камбоҷа Ҳун Сен музокирот кунад ва дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи ҷанубу шарқӣ дар шаҳри Пномпен ширкат намояд.

Аз ин пеш Обама дар Мянмар бо сарвари ин кишвар Тейн Сейн ва раҳбари мухолифин Аун Сан Су Чжи мулоқот кард. Су Чжи беш аз даҳ сол таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт ва фақат баъд аз ислоҳоти демократӣ ва аз қудрат канор рафтани низомиён ба майдони рақобатҳои озоди сиёсӣ баргашт.

Ин нахустин сафари раисиҷумҳури Амрико ба Мянмар аст ва коршиносон онро “таърихӣ” мехонанд, зеро ҳамагӣ чанд сол пеш кишвар зери таҳримҳои шадиди амрикоӣ қарор дошт.

Барак Обама дар посух ба норозигии ҳомиёни ҳуқуқи башар аз сафараш ба Мянмар изҳор намуд, ки ӯ на ба хотири пуштибонии ҳукумати Мянмар, балки барои пуштибонии ислоҳоти демократӣ ба ин кишвар омадааст.
XS
SM
MD
LG