Пайвандҳои дастрасӣ

Суғд. Баҳси андоз беш аз 100 нафарро бекор кардаст


Даъвои мақомоти андози вилояти Суғд боиси аз кор мондани як корхонаи хиштбарорӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шудааст.

Ду сол қабл сармоягузори чинӣ, Су Ҷинбао дар Тоҷикистон ширкати «Сумчак инвест» таъсис дода, дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Амон» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи хиштбарорӣ таъсис медиҳад, ки дар он беш аз 100 нафар коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб мегарданд.

Аммо дар моҳи ноябри соли 2011, Сарраёсати андози вилояти Суғд фаъолияти ин корхонаро тафтиш карда, барои истифодаи маблағҳои пинҳонӣ беш аз 500 ҳазор сомонӣ ҷарима мебандад.

Масъулини ширкати чинии «Сумчак инвест» бо норозигӣ аз қарори мақомоти андоз, соли гузашта Тоҷикистонро тарк мекунанд ва корхона бо ҳамин аз фаъолият бозмемонад.

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи ҶДММ «Амон» мегӯяд, моҳи феврали соли равон мақомоти андози вилоят аз ширкати зерҳимояаш, ки иҷорадиҳанда маҳсуб меёбад, талаб кардааст, маблағҳои пинҳонеро, ки ширкати чинӣ напардохтааст, ҷуброн кунад.

Ба қавли Файзиниссо Воҳидова ширкати "Амон" ин талаби Сарраёсати андози вилоятро нодуруст шуморида ба Додгоҳи иқтисодии вилоят ариза пешниҳод кардааст.

Вакили мудофеи ширкати «Амон» илова кард, ки дар ҳоли ҳозир дар додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд баҳси сараёсати андоз ва зерҳимояаш идома дорад. Ӯ мегӯяд аз ин корхона, ба иловаи 100 коргар боз 30 ронандаи дигар, ки аз ин ҷо хишт мекашонданд, зиндагиашонро таъмин менамудаанд.
XS
SM
MD
LG