Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 26 кушта барҷо гузоштаст


Бар асари офатҳои табиӣ дар 11 моҳи соли ҷорӣ 26 сокини Тоҷикистон, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расидаанд. Ин нишондод дар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17 нафар бештар мебошад.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, афзоиши фавтро ба боронгариҳои зиёд дар зимистони гузашта рабт медиҳанд, ки бар асари он барфу тармафароӣ бештар шуда дар роҳҳои мошингард садамаҳои маргбор афзоиш ёфтаанд.

Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тайи 11 моҳи гузашта дар кишвар 305 ҳолати фавқулодда сабт шудаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳолати изтирорӣ бештар рух додааст. Аз ҷумла тайи ин муддат дар ҷумҳурӣ 29 зилзила, 114 ҳодисаи резиши тарма, 91 ҳодисаи сел ва 19 ҳодисаи лағжиши қабатҳои замин ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG