Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти "Рӯдакӣ" дар Қирғизистон бесаробон монд


Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон раиси Ҷамъияти ба номи Рӯдакӣ дар ин кишварро 50 ҳазор сом ҷарима баста, як сол шартан аз озодӣ маҳрум кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, раиси Ҷамъияти тоҷикони ба номи Рӯдакӣ дар ин кишвар, Исмоил Очиловро барои латту кӯби ҳамсояаш гунаҳкор хондааст.
Тибқи қарори додгоҳ Исмоилов ҳудуди 50 ҳазор сом ҷарима шуда, як сол шартан аз озодӣ маҳрум гардид.

Абураҳим Комилов, вакили мудофеи Исмоил Очилов, ба Радиои Озодӣ гуфт, зерҳимояаш гуноҳе надорад ва онҳо то ба марҳилаи ниҳоии додгоҳӣ мубориза хоҳанд бурд.

Ба гуфтаи Исмоил Очилов, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ аз пеш боғараз ва тарҳрезишуда аст. Вай мегӯяд, ки номзадиашро ба интихоботи вакилони маҳаллӣ пешниҳод кардааст ва парванда алайҳи ӯ ба хотири ин аст, ки номзадиаш сабт нашавад ва аз мубориза даст кашад.

Дар мавриди иттиҳоми латту кӯби ҳамсоя, Очилов афзуд: «Вақте ба манзили зистам чанд нафар барқасдона ворид шуда зӯроварӣ карданд, маҷбур шудам барои дифои шарафи хонаводаам, яке аз онҳоро як зарба занам. Барои ҳамин додгоҳ маро ҷарима баст ва як сол шартан аз озодӣ маҳрум кард.»

Абдурасул Комилов, вакили мудофеи Очилов, дар ин робита илова намуд: «Афроде, ки ба хонаи Очилов ҳамла карда, дар дохили манзилаш ба зану фарзандонаш таҳдид кардаанд, дар ҳоли сархушӣ қарор доштаанд. Очилов танҳо худаш ва хонаводаашро ҳимоя кардааст.»

Дар ҳамин ҳол Очилов меафзояд, ки 25-уми ноябр, пас аз чанд рӯзи дигар дар ноҳияашон интихобот оғоз мешавад.

Як масъули Додгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд, рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи Исмоил Очилов, пас аз шикояти вакили мудофеаш ба додгоҳи вилоятии Ботканд ирсол шудааст.

Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди интиқоли парвандаи Исмоилов ба додгоҳи вилояти Ботканд, Иттиҳодияи тоҷикон ба Ассамблейи халқҳои Қирғизистон дар Бишкек муроҷиат намуда, кӯмак хостаанд. Раиси ин Ассамблей ва раиси ноҳияи Лайлак барои мусоидат дар ҳалли мусбати қазияи Очилов, изҳори омодагӣ кардаанд.

Наздикони Исмоил Очилов мегӯянд, дар маҳалла ӯ ҳамзамон омӯзгори бахши тоҷикии мактаб аст ва пас аз оғози парванда алайҳи Очилов низоми таълиму тадрис дар ягона синфхонаи тоҷикии мактаби маҳалла хароб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Қодиршоҳи Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи тоҷикони Қирғизистон мегӯяд, ҷамъиятҳои тоҷикони ин кишвар талош доранд, дар номае аз раисиҷумҳури Қирғизистон хоҳиш намоянд, ки барои ҳалли мусбати парвандаи Очилов мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG