Пайвандҳои дастрасӣ

Ошӯбгарон пойгоҳи нерӯҳои давлатиро ишғол карданд


Мухолифини мусаллаҳи Сурия изҳор намуданд, ки як пойгоҳи низомии нерӯҳои ҳукуматӣ, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Туркияро, таҳти назорат қарор доданд.
Онҳо "соҳиб"-и 16 тонку чанд тӯпхона шудвнд, 18 низомии ҳукуматӣ асир уфтоданд. Сабти видеоӣ, ки дар ин пойгоҳ навор гирифта шудааст, ахиран дар интернет пахш гардид.

Аз ин пеш ошӯбгарон изҳор намуд, ки шаҳри Абӯ-Камол ва фурудгоҳи низомӣ дар марз бо Ироқ, воқеъ дар шарқи Сурия, зери назорати онҳо қарор дорад. Рӯзи якшанбе задухӯрдҳо дар канори шаҳри Димишқ идома карданд.
XS
SM
MD
LG