Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Хуҷанд тӯли ду рӯз идома кард, шоми 18-уми ноябр ба охир расид.

Дар ин мусобиқа ҳудуди 200 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат карданд. Қаҳрамонони ҷадиди Тоҷикистон дар рақобатҳо аз рӯи ҳафт вазн муайян шуданд.

Панҷ нафар паҳлавонони Душанбе – Ҷамшед Халилов (вазни то 60 кг), Абдуғаффор Гадоматов (то 73 кг), Абубакр Зоиров (то 90 кг), Раҳматулло Абдуллоев (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг), ду гуштигири ноҳияи Рӯдакӣ – Расул Абдушарифов (то 66 кг) ва Муборакшо Ибодов (то 81 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Нурулло Лоиқов

Нурулло Лоиқов

Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, "дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии ширкати "Фирӯз" дар сатҳи баланд барпо гардид, қаҳрамонҳои нав пайдо шуданд. Ба ғайр аз гуштигирони Душанбе, ки ҳамасола дар аксари вазнҳо ғолиб мешаванд, имсол ду паҳлавони ноҳияи Рӯдакӣ барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштанд. Дар ин мусобиқа сармураббии дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон Саидаҳтам Раҳимов ширкат дошт ва ӯ ғолибонро ба ҳайати тими миллӣ шомил мекунад. Ин мусобиқа барои дзюдочиёни тоҷик охирин мусобиқаи имсола маҳсуб мешуд. Гуштигирони мо аз ҳоло ба мусобиқоти соли оянда омодагӣ мебинанд ва мақсади аслии мо дар марҳилаи нави олимпӣ ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2016-ум дар Рио-Де-Жанейрои Бразилия мебошад.”


Ҷаноби Лоиқов илова кард, дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар Хуҷанд паҳлавони маъруф Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, ширкат надошт. Вай гуфт, “Расул Боқиев дар айни ҳол дар шаҳри Маскави Русия тамрин мекунад. Нақшаи кории ӯ маълум аст. Ӯ пас аз се моҳ ба Душанбе меояд. Бояд гуфт, ки Расул барои ҷумҳурӣ хидмати арзанда кардааст. Вай мақсад дорад, минбаъд дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг ҳунарнамоӣ кунад ва ӯ ҳама вақт шомили дастаи мунтахаб аст.”

Дар ҷараёни мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар шаҳри Хуҷанд конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон баргузор шуд. Вакилони конфронс ҳисоботи раёсати федератсияро дар муддати чаҳор сол шунида, муҳокима карданд ва аъзои нави раёсатро интихоб намуданд.

Нурулло Лоиқов дубора раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон интихоб шуд. Саидаҳтам Раҳимов муовини аввал, Музаффар Искандаров ва Халил Темуров муовинони раис, Ширинҷон Мамадсафоев дабири кулли федератсия интихоб гардиданд.

Инчунин ба узвияти нави Федератсияи дзюдои Тоҷикистон бошгоҳҳои варзишии “Вастан” (раисаш Нуралӣ Шарифов), “Шамс” (раисаш Сӯҳроб Раҳимов) ва КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Вазорати дифои Тоҷикистон, сардораш Фарҳод Раҳматуллоев) қабул шуданд.

Дар конфронс тасмим гирифта шуд, ки ҳар сол дар шаҳру навоҳии мухталифи кишвар мусобиқаи дзюдо дар вазни мутлақ барои Ҷоми Саидмуъмин Раҳимов, раиси фахрии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, баргузор карда шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG