Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як вакил дар Мӯъминобод барои ришваситонӣ


Додситонии ноҳияи Муъминобод рӯзи душанбе 19-уми ноябр ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки ҳафтаи гузашта Мирзосафар Давлатов, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Муъминобод, ки ҳамзамон вакили маҷлиси ноҳиявӣ мебошад, ҳангоми фурӯши замин дар ивази 2 ҳазор доллар аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шудааст. Дафтари матбуотии Оҷонсии мубориза бо коррупсия низ ин хабароро тасдиқ намуд ва гуфт, ки феълан Мирзосафар Давлатов дар беморхона бистарӣ аст ва пас аз сиҳат шуданаш, мавриди тафтиш қарор хоҳад гирифт. Додситонии ноҳияи Муъминобод мегӯяд, ки Мирзосафар Давлатов, вакили маҷлиси ноҳиявӣ аз масунияти депутатӣ бархӯрдор аст ва то замони лағви ваколаташ, муфаттишон мунтазир мемонанд. Мирзосафар Давлатов мувофиқи маслиҳати пешакӣ аз сокини деҳаи Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод дар ивази фурӯши як порча замин 2 ҳазор доллар гирифтанӣ шудааст. Аммо тибқи иттилои Дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо коррупсия, кормандони ин ниҳод аз ин ҳолат бохабар шуда, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияро дар лаҳзаи додуситад боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG