Пайвандҳои дастрасӣ

62 500 доллар - барои кӯлоҳ ва асои Чарлӣ Чаплин


Чарлӣ Чаплин

Чарлӣ Чаплин

Як кӯлоҳ ва асои ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Чарлӣ Чаплин дар музояда бо қимати 62 500 доллар ба фурӯш рафт. Ин хеле болотар аз интизори Кохи музоядаҳои Бонҳамс буд, ки барои ин асову кӯлоҳ дар фурӯшоти рӯзи 18 ноябр мехост аз 40 то 60 000 доллар ба даст биорад. Дар ин музояда як номаи дастнависи овозхони гурӯҳи Beatle’s Ҷон Леннон бо нақши урёни ӯву ҳамсараш Йоко Оно 25 000 доллар ва акси ҳунарпешаи низ фақиди амрикоӣ Мерилин Монро 21 500 доллар фурӯхта шуд.
XS
SM
MD
LG