Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои чирикиҳо ба тасарруфи пойгоҳи Орум-ал-Сағро


Чирикиҳои Сурия иддао доранд, ки як пойгоҳи низомӣ дар наздикии марзи Туркияро ба даст овардаанд. Маркази матбуоти мухолифин дар Ҳалаб бо нашри як навори видеоӣ гуфт, дар ҷараёни тасарруфи пойгоҳи нирӯҳои вижа дар Орум-ал-Суғро, воқеъ байни Ҳалаб ва марзи Туркия, ҳудуди 15 тонк ва дастикам 18 сарбоз ба чирикиҳо таслим шуданд. Аммо суқути ин пойгоҳ аз сӯи манобеъи мустақил ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
Бо ин ҳол, телевизиони давлатии Сурия хабар дод, ки дар натиҷаи мушакборони “террористҳо” алайҳи минтақаи Маззаи Димишқ 88 тан аз мардуми мулкӣ ҷароҳат бардошта, биноҳо тахриб шудаанд. Дар Мазза асосан алавиҳо, ки раисиҷумҳури Сурия Башор Асад низ пайрави ҳамин мазҳаб аст, ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG