Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як анҷумани сулҳи Сурия. Ин бор дар Теҳрон


Дирӯз дар Теҳрон анҷумане доир шуд, ки оштӣ додани давлати Сурия бо мухолифин ва хатми ҷанги байни онҳоро ба ҳадаф дошт. Матбуоти давлатии Эрон мегӯяд, дар ин ҳамоиши якрӯза ҳудуди 200 намояндаи мухолифин ва вазири мусолиҳаи миллии Сурия Алӣ Ҳайдар ширкат доштанд. Аммо матбуоти Эрон дар бораи ширкати гурӯҳҳои умдаи мухолиф ва чирикиҳо дар нишасти Теҳрон чизе намегӯянд. Аксари ин гурӯҳҳо ба Эрон, ки муттаҳиди калидии режими Башор Асад аст, бовар надоранд.
Нишасти Теҳрон зоҳиран посух ба ҳамоиши ҳафтаи гузаштаи мухолифини режими Асад дар Қатар буд.
XS
SM
MD
LG