Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи шашуми танишҳо байни Исроил ва навори Ғаза


Сарбозони Исроил дар наздикии марз бо Ғаза

Сарбозони Исроил дар наздикии марз бо Ғаза

Табибони фаластинӣ мегӯянд, ҳамлаи ҳавоии дирӯзаи Исроил ба як манзил дар Ғаза 10 мулкиро кушта ба ҷо гузошт. Дар ҳамин ҳол, низомиҳои Исроил мегӯянд, шабакаи дифоъи мушакии "Гунбази оҳанин” рӯзи якшанбе ду мушакеро, ки болои Тел-Авив меомад, суқут додааст. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дирӯз гуфт, Вошингтон аз ҳаққи Исроил ба дифоъ аз худ алайҳи ҳамлаҳои мушакӣ аз навори Ғаза пурра ҳимоят мекунад. Аммо Обама, ки дар Бангкок сӯҳбат мекард, афзуд, ки “беҳтар” мебуд, агар буҳрони Ғаза бидуни “тақвият”-и амалиёти низомии Исроил ҳалл шавад. Қаблан сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, Исроил ба “густариши қобили мулоҳиза”-и амалиёташ алайҳи ҷангиён дар навори Ғазаи таҳти назорати Ҳамос омода ҳаст.
XS
SM
MD
LG