Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 ноябр: Аз Қасри Арбоб то нишасти Исломобод


Имрӯз, 19 ноябр, дар Қасри Арбоби Хуҷанд солгарди 20-уми иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, таҷлил мешавад. Имрӯз дар Брюссел нишасти Шӯрои равобити хориҷии ИА доир хоҳад шуд. Имрӯз дар Исломобод иҷлоси серӯзаи сарон ва Шӯрои вазирони D-8 оғоз ба кор мекунад. Ин созмон 8 кишвари дар ҳоли рушди мусалмонӣ – Покистону Туркия, Эрону Миср, Бангладешу Малайзия ва Индонезияву Нигерияро муттаҳид мекунад.Ва имрӯз, 19 ноябр, дар иҷлоси парлумони Аврупо мавзӯъи Қазоқистон баҳс хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG