Пайвандҳои дастрасӣ

Обама мегӯяд, аз ҳаққи Исроил ҳимоят мекунад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе гуфт, кишвараш аз ҳаққи Исроил барои дифоъи худ аз мушакандозиҳо аз Навори Ғазза ҳимоят мекунад. Аммо гуфт ӯ, беҳтар мебуд, то буҳрон дар Ғазза “бе шиддат” гирифтани иқдомоти низомии Исроил ҳал шавад. Барак Обама, ки дар шаҳри Банкок, пойтахти Таиланд суҳбат мекард, ситезаҷӯёни дар Ғаззаро гунаҳкори оғози бӯҳрон хонд, ки қабл аз амалиёти Исроил ба қаламрави он мушак андохтанд:"Ҳеҷ кишваре дар Замин рехтани мушак бар сари шаҳрвандонаш аз берунро таҳаммул нахоҳад кард. Бинобар ин мо аз ҳаққи комили Исроил барои муҳофизати шаҳрвандонаш аз мушакҳое ҳимоят мекунем, ки ба хонаҳои мардум, ҷойи кори онҳо мерезанд ва ғолибан мардуми осоиштаро мекушанд." Пеш аз ин баёнияи Барак Обама, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, кишвараш барои тавсиаи чашмгири амалиёт алайҳи тундравон дар Навори Ғазза омода аст. Артиши Исроил рӯзи панҷум аст, ки шиллик аз замин ва баҳрро ба ҳадафҳо дар Навори Ғазза идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG