Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раббонӣ аз амалкарди Покистон истиқбол кард


Салоҳҳудин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, аз қарори Покистон барои раҳоии 9 Толиб, ки мойил ба музокироти сулҳ будаанд, истиқбол кард. Ӯ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Кобул рӯзи шанбе гуфт, ҳаракати мазкур майли Покистон ба ҷалби Толибон барои хотима додан ба ҷанги 11-сола дар Афғонистонро нишон медиҳад. Салоҳуддин Раббонӣ дар ин бора дар Кобул ва баъди сафари чаҳоррӯзааш дар Покистон сухан гуфт, ки онҷо масъалаи мусоидат ба сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ кард. Кобул дар гузашта ҳамвора бо Покистонро ба он муттаҳам мекард, ки Толибонро дар қаламраваш паноҳ дода ва монеъи гуфтӯгуҳои сулҳ дар Афғонистон мешавад. Бино ба гузоришҳо, Покистон аз ҷумла вазири пешини адлияи Толибон ва як дастёри Мулло Умарро ҳам аз зиндон раҳо кардааст.
XS
SM
MD
LG