Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Тунис ба Исроил сафар кард


Бо онки ҷанг миёни созмони Ҳамос ва Исроил дар Навори Ғазза идома дорад, Рафиқ Абдусалом, вазири умури хориҷии Тунис ба ин минтақа сафар карда ва ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ин минтақаи фаластиниёнро маҳкум намуд. Ӯ рӯзи шанбе гуфт: “Қонун ва маҳдудиятҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад ва ончӣ ки Исроил мекунад, ғайриқобили қабул ва ғайриқонунӣ аст. Исроил бояд бидонад, ки бисёр чиз тағйир кардааст ва вазъ дар кишварҳои арабӣ ба минволи пешин нест. Исроил бояд бидонад, ки комилан озод нест ва қалъабандии комил нашудааст ва болотар аз қонунҳои байналмилалӣ нест.” Ба гуфтаи телевизиони Исроил, ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар дар шаби ҷумъа ба шанбе 180 маротиба дар Навори Ғазза оташ кушоданд ва қароргоҳи Исмоил Ҳония, нахуствазири Ҳамосро вайрон карданд. Табибони фаластинӣ мегӯянд, ки дар ҳамлаҳои шабонарӯзи гузашта 8 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG