Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саъйи Украина барои коҳиши пойбандӣ ба Русия


Юрий Бойко, вазири энержии Украина мегӯяд, кишвараш саъй дорад, то пойбандии худ ба гази табии Русияро кам кунад, бо вуҷуди онки эҳтимол дорад, Русия Украинаро ба додгоҳи байналмилалӣ бикашад. Юрий Бойко рӯзи ҷумъа дар мусоҳибае бо телевизиони украинии “Интер” гуфт, қимате, ки Русия барои гази содиротиаш муаяйн кардааст, баланд аст. Ӯ афзуд имсол кишвараш аз Русия тақрибан 26 миллиард метри мукааб гази табиӣ ворид хоҳад кард, ки 1 миллиард метри мукааб камтар аз ҳисобҳои пешина аст. Ба гуфтаи Юрий Бойко, Украина бар асоси қарордоде бо Олмон метавонад, газро аз ин кишвар бо қимати аз 40 то 70 доллар арзонтар ворид кунад. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, Украина дар пайи муомилаҳои муфидтар бо Озарбойҷон, як фурӯшандаи дигари муҳими гази табиӣ аст.
XS
SM
MD
LG