Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Ҳамосу Исроил дар Ғазза авҷ гирифт


Бо авҷ гирифтани муноқиша дар Навори Ғазза, ҳавопаймоҳои Исроил рӯзи ҷумъа қароргоҳи Исмоил Ҳония, нахуствазири фаластиниёнро бомбборон кардаанд. Як мақоми созмони Ҳамос ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, бар асари ин ҳамлаҳо қароргоҳи Ҳония “комилан вайрон” шудааст. Табибон дар Навори Ғазза мегӯянд, дар ҳамлаҳои шабонарӯзи гузаштаи Исроил ба ин минтақа дасти кам 3 нафар кушта шуданд. Шоми ҷумъа, ҳукумати Исроил 75 ҳазор нафар аз сарбозони нерӯҳои эҳтиётии қувваҳои мусаллаҳро ба сафи артиш даъват кард. Бо таҷаммӯъи сарбозони исроилӣ дар марзи Ғазза бисёриҳои интизор доранд, ки Исроил амалиёти заминиеро дар ин минтақа шурӯъ хоҳад кард. Муноқиша дар инҷо баъд аз он бадтар шуд, ки як мушаки партобкардаи Ҳамос дар шаҳри Байтулмуққадас суқут кард, чизе, ки як даҳсола боз дида нашуда буд. Созмони Ҳамос ҳамчунин ба пойтахти Исроил шаҳри Тел Авив мушак андохт. Ҳавопаймоҳои Исроилӣ рӯзи шанбе ҳамчунин нерӯгоҳҳои барқӣ ва нақбҳоеро ҳадаф гирифтааст, ки гӯё тундравони Ҳамос аз тариқи онҳо силоҳ қочоқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG