Пайвандҳои дастрасӣ

Русия як муттаҳам ба терроризмро ба Тоҷикистон дод


Русия як тоҷики муттаҳам ба терроризимро, ки мақомоти расмӣ 13 сол боз дар ҷустуҷӯяш буданд, ба Тоҷикистон истирдод кардааст. Додситонии вилояти Маскав бо нашри баёнияе дар рӯзи ҷумъа гуфт, Давлатшо Кучакшоеви 40-соларо, ки ҳамчунин ба одамрабоӣ муттаҳам мешавад, бо амри Додгоҳи Олии Русия моҳи октябр ба мақомоти масъули Тоҷикистон таслим карданд. Ба гуфтаи додситонӣ, Давлатшо Кучакшоев соли 1999 узви як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ буда ва дар ҳамон сол дар Душанбе чаҳор нафарро гаравгон гирифта ва аз хонаводаи онҳо 15 ҳазор доллар хунбаҳо талаб кардааст. Мақомоти интизомии Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 2011 дар қаламрави вилояти Маскав дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG