Пайвандҳои дастрасӣ

Нӯҳ мақоми баландпояи аҳди Саакашвилӣ боздошт шуданд


Полиси Гурҷистон рӯзи 15 ноябр нӯҳ собиқ мақоми баландпояи давлатиро боздошт кард. Ин амали мақомотро мухолифон чун як маъракаи танзимшудаи дорои ангезаи сиёсӣ интиқод карданд. Ба бовари онҳо дар пушти ин боздоштҳо нахуствазири тозаинтихобшуда Бидзина Иванишвилӣ қарор дорад. Тамоми нӯҳ мақоми давлатии боздоштшуда, ки зери дасти президент Михаил Саакашвилӣ кор кардаанд, барои берун рафтан аз салоҳиятҳои хизматӣ айбдор мешаванд. Айнан ҳамингуна иттиҳом зидди собиқ вазири умури дохила ва ду фармондеҳи аршади низомӣ карда шудааст, ки ҳафтаи гузашта боздошт шуданд. Додситони кулли Гурҷистон Арчил Кбилашвилӣ дар баробари хабарнигорон тасмими боздоштҳои мақомҳои вазорати умури дохиларо шарҳ дод. Видео: Reuters

XS
SM
MD
LG