Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Обро дидӣ, мӯза каш"... Матбуот ба баҳсҳои додгоҳӣ омода мешавад


Саҳнасозиҳо аз мурофиаҳои додгоҳии матбуот бо мақомот, насли ҷавони ин соҳаро ба баҳсҳои эҳтимолӣ омода месозанд.

Ин тарҳро созмони журналистии "Медиа Алянс"-и Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди рушди демократияи назди сафорати Иёлоти Муттаҳида амалӣ мекунад.

Ин дафъа ҷаласаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, ки як соли пеш ба таври воқеӣ сурат гирифта буд, ба саҳна гузошта шуд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ", дар пайи нашри матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти ҳукумати Ашт боздошт шуда, 11 моҳро дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд гузаронд. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ӯро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 3 сол аз ҳуқуқи фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум намуд. Пас аз бознигарӣ, Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми пардохти ҷарима ва маҳрумият аз ҳаққи хабарнигориро бекор кард.

"Тамрин"-и журналистон ба баҳсҳои додгоҳӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Дар мурофиаи додгоҳии саҳнасозишудаи Исмоилов, қаҳрамону иштироккунандагон, хабарнигору ҳуқуқшиносони тоҷик нақш мебозанд. Исми ҳамаи ширкатдорон ва маҳалҳо дар баррасии ин парванда тағйир дода шудааст, вале иттиҳомот ва ҷараёни воқеа батағйир мондааст.

Ин дуюмин ҷаласаи додгоҳии саҳнасозишудаи додгоҳӣ мебошад, ки ба васоити ахбори омма ва хабарнигорон марбут аст. Тамошобинони ин саҳнаҳо журналистон ва ҳуқуқшиносони ҷавон ҳастанд. Ба саҳнагузорандагони ин ҷаласаҳо мегӯянд, ҳадафи аслиашон таҷрибаандӯзӣ ва омода намудани донишҷуён ба мавридҳои баҳс дар додгоҳҳо мебошад.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир теъдоди зиёди нашрияву хабарнигорон, ба вижа нашрияҳои мустақил аз сӯи мақомот ва мансабдорон ба додгоҳ кашида шуданд. Ҳарчанд ин баҳсҳо бо пирӯзии нашрияву хабарнигорон ва ё мусолиҳа анҷом ёфтааст, таҳлилгарон мегӯянд, мансабдорон ин усулро ба хотири тарс додани хабарнигоро истифода мебаранд.

Дар зимн, ба дунболи муроҷиатҳои созмонҳои хабарнигорӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон, мушкили матбуот то ҳадде ҳал гардид. Ахиран бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон парлумони кишвар бандҳои тӯҳмату таҳқирро дар Кодеси ҷиноӣ ва Кодекси мурофиавӣ лағв карда, бандҳои мазкурро ба Кодекси шаҳрвандӣ кӯчонд.
XS
SM
MD
LG