Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми сухангӯӣ - номи калону шаҳри вайрон?


Нишасти матбуотии яке аз вазоратхонаҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Нишасти матбуотии яке аз вазоратхонаҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Сухангӯёни ниҳодҳои расмии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки Анҷумани намояндагони хадамоти матбуотиро таъсис диҳанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмим бо ҳамоҳангии хадамоти матбуотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, маориф, тандурустӣ ва раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ ва Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон гирифта шудааст. Вай афзуд, ҳадаф аз ташкили ин анҷуман, боло бурдани сатҳу сифати кори хадамоти матбуотии ҳукумати Тоҷикистон ба хотири беҳтар кардани дастрасии мардум ба иттилои расмист:

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев
«Ҳамчунин ба марокизи навтаъсиси матбуотӣ кӯмак расонида мешавад, ки барои расонидани иттилоъ ба мардум мусоидат кунанд. Дастрасӣ ба иттилоот ҳаққи қонунии ҳар як шаҳрванд аст, то ба истифода аз он дар ҳолатҳои зарурӣ тасмими заруриро гирифта тавонад.»

Эҷоди Анҷумани сухангӯён дар ҳолест, ки аксари хабарнигорон кори марокизи матбуотии идораҳои давлатии Тоҷикистонро чандон муассир намедонанд ва мегӯянд, ба ҳамин далел дастрасӣ ба иттилои комилу фарогир, ки ироааш ба расонаҳо умдатарин вазифаи дафтарҳои матбуот аст, як мушкили асосӣ барои озодии матбуот дар ин кишвар боқӣ мемонад.

Дар ҳоле, ки дар дунёи имрӯз манобеи хабарсоз сухангӯёнанд, ки дар бораи ҳаводис ё таҳаввулоти муҳим мавқеи раҳбарият ва ҳукумати худро баён мекунанд, сухангӯёни ҳукумати Тоҷикистон дар аксар маворид ба даҳон об мегиранд ва дар иҷрои рисолати худ қафо мондаанд.

Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ «Консепсияи сиёсати давлатӣ – иттилоотӣ» - ро қабул кардааст, ки бар пояи он, ҳар як ниҳоди давлатӣ бояд маркази матбуотии худро дошта бошад.

Давлат Назриев, сарвари Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, иҷрои ин консепсия камбудиҳои зиёд дорад ва дар бархе мақомот ба аҳамияти иттилоъ ҳанӯз сарфаҳм нарафтаанд. Вай афзуд:
«Дар баъзе вазорату идораҳо ҳамчун як воҳид ё зерсохтори алоҳида вуҷуд доранд, аммо дар бархеи дигар сухангӯён ҳамчунин бо корҳои дигар машғуланд ва аз ӯҳдаи кори худ намебароянд. Дуюм масъала, ин салоҳияти онҳо аст, ки то
Давлат Назриев, сардори Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Давлат Назриев, сардори Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
куҷо дастрасӣ ба иттилоъ ва ҳаққи пешниҳод кардани онро доранд. Дар ин маврид сухангӯён бояд мустақим ба раҳбари ин ё он ниҳод ва иттилои дасти аввал дастрасӣ дошта бошанд.»

Хабарнигорон фаъолияти чанд маркази матбуотии муассир дар Тоҷикистон, аз қабили хадамоти матбуотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, дохилӣ, дифоъ, маориф, Агентии назорати маводи мухаддир ва шаҳрдории Душанберо беҳтар мешуморанд, аммо ба қавли як рӯзноманигор, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, тайи як соли ахир онҳо ҳам «ҳисоби корро рафтаанд».

Ба қавли ӯ, бахусус ҳангоми ҳаводиси Бадахшон ҳеҷ як аз сухангӯёни таърифии ҳукумати Тоҷикистон аз ӯҳдаи вазифаи худ - дастрас кардани ҳатто иттилои расмӣ набаромад ва хабари Бадахшон аз манбаъҳои беруна бештар мерасид, то аз дафтарҳои матбуоти идораҳои расмӣ ва масъул.

Фаридуни Раҳнавард, сардабири Оҷонсии Тоҷнюс мегӯяд, хадамоти матбуотӣ бештар майл ба тарғиби фаъолияти ниҳодҳои худро доранд, на расонидани иттилоъ. Вай афзуд: «Аммо вақте иттилои хеле муҳим пайдо мешавад, марокизи матбуотӣ ё мегӯянд, ки пешниҳоди ин иттилоъ танҳо бо ризоияти раҳбар имкон дорад, ё мегӯянд, ки ягон мактуб орем ва ё умуман гӯширо намебардоранд. Ҳол он ки як оҷонсӣ бояд бо фаврияти худ аз дигар расонаҳо фарқ кунад.»

Дар сӯҳбат бо мо як корманди маркази матбуотӣ бар нокифоятии маоши сухангӯён низ ишора карда, гуфт, дар асл ин вазифа «номи калону шаҳри вайрон» аст. Коршиносон ҳамчунин ба сатҳи нокифояи касбияти бархе сухангӯён дар идороти давлатии Тоҷикистон ҳам ишора мекунанд, ки танҳо ба хотири доштани дипломи рӯзноманигорӣ, соҳиби мақоми сухангӯ шудаанд.
XS
SM
MD
LG