Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафсанҷонӣ хостори ташкили давлати ваҳдати миллӣ шуд


Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон бори дигар хостори ташкили давлати ваҳдати миллӣ дар кишвараш шудааст.

Раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом дар Эрон, бори дигар пешниҳодашро барои «ташкили давлати ваҳдати миллӣ дар Эрон» матраҳ кардааст ва гуфтааст, ин тарҳ «метавонад гиреҳкушои мушкилоти кунунӣ бошад.»

Ӯ дар вокуниш ба интиқодҳо аз ин тарҳ, онро «шантажҳои ҷоҳилона ё муғризонаи тундравҳо» хонд. Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, оқои Рафсанҷонӣ дар дидор бо гурӯҳе аз намояндагони пешини парлумони Эрон аз «дилсӯзон»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон хостааст, «иштибоҳотро шиносоӣ ва ҷуброн кунанд.» Ӯ хостори баргузории «интихоботи озод, қонунӣ ва фарогир» дар Эрон шудааст, ки заминаи ҳузури ҷиноҳҳои гунонунро фароҳам мекунад.

Пеш аз ин бархе аз чеҳраҳои усулгаро ва расонаҳои наздик бо онҳо, аз ҷумла рӯзномаи «Кайҳон» ба пешниҳоди оқои Рафсанҷонӣ барои ташкили «Давлати ваҳдати миллӣ» дар Эрон, вокуниши манфӣ нишон дода буданд. Барои намуна Ҳабибулло Асгаравлодӣ, аз яке аз аъзои ҷиноҳҳои усулгаро бо мухолифати ин тарҳи Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфта буд, давлати ваҳдати миллӣ дар ҷое ташкил мешавад, ки ваҳдат набошад, дар ҳоле, ки дар Эрон дар атрофи раҳбарӣ, ваҳдат вуҷуд дорад.

Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ҳамчунин бо ишора ба мушкилоти дохилӣ ва хориҷии Эрон, шароити кунунии кишварашро бо даврони пас аз ҷанги ҳаштсолаи Эрон ва Ироқ муқоиса кардааст ва гуфтааст, ки мушкилоти он замон алорағми «харобиҳои бисёр», бо «иттиҳод ва ҳамдилии нерӯҳои инқилоб аз ҳама гурӯҳҳо» пушти сар гузошта шуд.

Оқои Рафсанҷонӣ гуфтааст: «Агарчӣ имрӯз корҳо сахт шуда, аммо метавон бо бозсозии сармояҳои иҷтимоии кишвар, дар пеш гирифтани ақлоният ва мудирияти дуруст дар сатҳи дохилӣ ва байналмилилӣ ва эҷоди эътилоф байни нерӯҳои вафодор ба низом аз ҷиноҳҳои гуногун, ба суръат заъф ва костиҳоро табдил ба рушд ва тавсеа кард.»

Ӯ дар айни ҳол боз ҳам ба аҳамияти «интихоботи озод, қонунӣ ва фарогир» таъкид карда ва онро муҳимтарин намуди мушорикати мардум дар идораи кишвараш шумурдааст.

Тибқи гузоришҳо, гурӯҳе аз намояндагони пешини ғарби Эрон дар парлумон аз Рафсанҷонӣ хостаанд, дар интихоботи раёсати ҷумҳури оянда ҳузур дошта бошад, аммо ӯ ҷавоб додаст: «Дар кишвар қаҳти риҷол (давлатмардон) нест ва умедворам шароит ба гунае пеш биравад, ки арсаи вуруд ва фаъолиятҳои нерӯҳои дилсӯз, фаъол ва лоиқ дар кишвар фароҳам шавад.»

Интихоботи раёсати ҷумуҳри Эрон қарор аст соли оянда баргузор шавад.Оқои Рафсанҷонӣ ҳафт сол пеш дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо Маҳмуди Аҳмадинажод рақобат кард, ки дар ниҳоят дар даври дуввуми интихобот, оқои Аҳмадинажод пирӯзи интихобот эълон шуд.
XS
SM
MD
LG